Мо гурӯҳи мутахассисоне ҳастем, ки маҳсулоти хоросанг , травертин ва волластонитро истеҳсол мекунем. Кони санг дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Мо хоросанг аз Хоҷа Чилдиёри шаҳри Ҳисор дар баландии 1400-1600м истихроҷ мекунем. Маҳсулоти мо аз санги табиӣ омода шуда, дорои кафолати сифати баланд мебошанд. Ҳунари нотакрор заҳмати воқеӣ ва таҷҳизоти боэътимодро талаб мекунад. Санги сахти табиӣ солҳои тӯлонӣ боқӣ мемонад ва зиёда аз як наслро бо зебоии худ шод мекунад. Аммо барои ин устодони воқеӣ бояд заҳмат кашанд.