Корхонаи коркарди санги хоро
"Чилтан"

Дар бораи мо

Корхонаи “Чилтан” дорои кони истихроҷи сангҳои хоро буда, коркарди онро бо назардошти хусусиятҳои табиӣ, таркибӣ ва намуди зоҳирӣ ба роҳ монда аст. 

Ҳар як намунаи маҳсулоти пешниҳодшаванда бо он бартарӣ дорад, ки ашёро қабл аз коркард тавассути дастгоҳҳои махсус барои муайян кардани сифат ва надоштани нуқсонҳо аз санҷиш гузаронида мешавад.

Сайри видеоӣ
Play Video

Афзалиятҳои мо

Ресурс 1

Сифат

Назорати бисёрсатҳаи пайвастаи сифати олие ба муштариёни мо имкон медиҳад , ки маҳсулоти аълосифатро барои истифодаи тӯлонӣ харидорӣ намоянд.

Коркард

Сатҳи сангҳо бидуни истифодаи гармӣ (оташ) коркард мешаванд, ки он дар оянда маҳсулотро аз кафидан ва қабатхезӣ нигоҳ медорад.

Мӯҳлати истеҳсол

Мо дар мӯҳлати кӯтоҳ фармоишҳоро ба иҷро мерасонем ва сифати баланди маҳсулотро нигоҳ медорем. Бо мақсади пешгирии сӯрохиҳои ноайён ҳангоми коркард аз дастгоҳҳои ларзишдиҳанда то ҳадди имкон кам истифода бурда мешавад.

Маҳсулоти мо

Тахтасангҳои қаҳваранг

Ашёи мо бо таркиби кимиёвӣ, мустаҳкамӣ ва зебоии табиии худ афзалият дорад. Хоросанги мо  ба таъсири обу намӣ ва маҳлулҳои органикӣ тобовар аст. Тахтасангҳо  садсолаҳо устувор хоҳанд монд.

Афзалияти  маъдани мазкур дар он аст , ки он бо хусусияти гузаронидани ҳаво ва нигоҳ доштани обу намӣ бо ташаккули сохтори герметикии иншоотҳои зеризаминӣ мусоидат менамояд.

Тахтасангҳои хокистаранг

Ашёи мо бо таркиби кимиёвӣ, мустаҳкамӣ ва зебоии табии худ афзалият дорад. Хоросанги мо  бо таъсири обу намӣ ва маҳлулҳои органикӣ тобовар аст . Тахтасангҳо  садсолаҳо устувор хоҳанд монд.

Афзалияти  маъдани мазкур дар он аст , ки он бо хусусиятӣ гузаронидани ҳаво ва нигоҳ доштани обу намӣ бо ташаккули сохтори герметикии иншоотҳои зеризаминӣ мусоидат менамояд.

Травертин- санги ғайриоддӣ

Осон ҳамворшаванда ва сайқалпазир аст. Ҳамзамон устувори ва зиннати худро нигоҳ медорад.

Травертин аз қадим дар бунёди муҷассамаҳо, ҳаммом ва амфитеатрҳо истифода мешавад. Аз ин рӯ, дар Рими қадим ҳангоми сохтмони “Колизей” аз санги травертин фаровон истифода шудааст.

Травертин ҳамчунин ба сифати маҳсулоти ороишӣ дар шакли тахтасанг низ истифода мешавад. Барои пештоқи биноҳо ва зиннати рӯизамини низ кор бурда мешавад. Дар соҳаи меъморӣ, аз ҷумла ороиши атрофи зинапояҳо низ васеъ истифода мешавад. Дар баъзе маврид истифодаи травертинро дар боломизи ошхона ва тоқи тиреза истифода бурда мешавад.

 

Хоросанг

Хоросанг дар тӯли сад сол боэътимод хизмат карда, бо мурури замон аз услуб берун намешавад. Санги сахти табиӣ солҳои дароз боқӣ хоҳад монд ва бо зебоии нафисаш чандин наслҳоро мафтун мекунад.

Пештоқи хона  ва дохили онро оро диҳед, зинаҳо, оташдон, ҳавзро сафол кунед.  Ба меҳмонхона, ошхона ашёҳои боҳашамат илова кунед.

Пораҳои хоросанг

Андоваи ороишии аз пораҳои хоросанг сохташуда на танҳо намуди ҷолиб, балки манфиатҳои амалии кофӣ низ дорад. Пораи мармарӣ барои деворҳо дар шакли васеъ барои ороиши пештоқи хона ва дохили биноҳо истифода мешавад. Аз ин рӯ, ҳолатҳои иқлимии душвор ба сифати хуби онҳо наметонанд таъсир расонанд.

Айни ҳол мо барои ба роҳ мондани истеҳсоли пораи хоросанг кор карда истодаем. Шумо метавонед аз зебогии пораи хоросанг  дар хонаи худ ва ё хонаи берун аз шаҳрии худ ҳаловат баред.

ТЕХНОЛОГИЯ

БУРИДАНИ ГИДРОШАКЛӢ

Тариқи раванде, ки тавассути он моеъ таҳти фишори баланд қарор мегирад, метавонад  ба санг шакли дилхоҳ диҳад.

Маҳсули кори мо

Фармоиш додан.

Мутахассиси мо ба Шумо дар интихоби маводи зарурӣ, андозагирӣ, ҳисоб кардани хароҷот ва фармоиш кумак мерасонад.